Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен якҷоя бо МИМХД, КИ ХҲДТ, бахши дин ва ҷашну маросим ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол вобаста ба соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати хуқуқӣ” вохӯрии навбатӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ва санаи 9 марти соли 2024 маҷлис бо аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар пайваста дар байни аҳолӣ ва сокинон оид ба пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва таълимоти ғайриқонунии динӣ гузаронида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ оид ба пешгирии содиршавии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонону муҳоҷирон ва баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсию – ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо ва ҳамзамон оид ба муҳоҷирати бехатар, қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, тарзи дуруст истифода бурдани интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Инчунин, ба сокинони Ҷамоати деҳоти Истиқлол оид ба тартиби муҳоҷирати дохилии (ихтиёрии) аҳолӣ аз ноҳияҳои аҳолиашон зиёд ва камзамин ба ноҳияҳои серзамин маълумотҳои муфид дода шуд.
Дар охир ба саволҳои сершумори иштирокдорон посухҳои каноатманд дода шуда, ба ҳар яки онҳо варақаҳо ва буклетҳо тақсим карда шуд.
Ҳамзамон шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара семинар-машварат бо иштироки муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо доир намуд. Дар семинар-машварат иштирокдорон доир ба муқовимат ба савдои одамон, ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ибрози андеша намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд