Дар идомаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо, тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, дар деҳаи Симчашмаи ҷамоати деҳоти Сафедчашма мулоқоти судманд баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон, оид ба моҳияти баргузории вохӯрӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва ҷараёни татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, қоидаҳои ва қонунҳои нави муҳоҷират, моҳияти терроризму экстремизм, пешгирии аз амалҳои коррупсионӣ, бахусус хусусияти динидошта, ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ, пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, макру найранг ва роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористиву экстремистӣ, шуғли пурмаҳсул, соҳибкасб гардинидани аҳолии бешуғл, аз ҷумла занону бонувон аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ гуфта гузаштанд.
Чунин вохӯриҳо минбаъд низ пайгирона идома хоҳанд ёфт.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон