• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Яктану муттаҳид бошем!

Migration Service by Migration Service
01.04.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муборизаи оштинопазир – алайҳи зуҳуроти номатлуб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ давру замоне миллати тоҷик аз худ ба сари касе даст набардоштаву хотири нафареро наозурдааст. Аммо ибтидои асри ХХI ҷомеаи инсонӣ бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ омад, ки терроризми байналмилалӣ унвон кардаанд. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба ҳисоб рафта, оқибатҳои фоҷиабор дорад. Мутаассифона, бо вуҷуди бохабар будан аз ҳолатҳои ногувор ва хатари бузурги иҷтимоии гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷавонони камхираду пастмаърифат шомили ин гурӯҳҳо гардида, ҳам ба шаъни худ ва ҳам ба атрофиёнашон доғ меоваранд.

Аз маълумот бармеояд, ки имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 созмони террористӣ амал карда, аксари онҳо дини мубини Исломро барои худ ниқоб кардаанд. Солҳои 90 – уми асри гузашта бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорон нафар бесаробон монданд, одамони бегуноҳ ҳалок шуданд, иқтисодиёти мамлакат паст рафт, вазъи сайёра ноором шуд, амнияти давлат халалдор гардид. Дар баробари ин боз чанд амалҳои номатлуби дигаре сар зад, ки ҳамаи ин вобастаи ташкилоти экстремистию террористӣ буд. Шомил шудани ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ бошад, масъалаи доғи рӯз ба шумор меравад. Нафароне, ки худро вобастаи ин гурӯҳҳои хатарзо медонанд, дарк намекунанд, ки паст будани маърифату ҷаҳонбинӣ, костагии дониши динӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва дуруст дарк накардани вазъи сиёсии ҷаҳон мебошад.

Миллати тоҷик аз азал соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буду ҳаст ва чунин мемонад. Мутаассифона, муғризони миллат бо амалҳои нопоки худ бо рахнаандозиву тафриқаандозӣ мардумро фирефтаи амалиёти душманонаи худ гардонида, бо маблағҳои ҳангуфт дар сиришти ҷавонону наврасон тухми аҳриманӣ кишт кардан мехоҳанд. Дар баробари ин хоинони миллат бо заҳролуд кардани андешаи мардум нафаронеро байни худ ҷамъ меоваранд, то ки кирдорҳои разилонаашонро дар амал иҷро намоянд. Шахсе, ки дар тинаташ иғвою буҳтон ҷо гирифтааст, ҳеҷ гоҳ наметавонад орому осуда бошад. Аммо бояд донист, ки муваффақияту музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ободиву осудагӣ, муҳити тинҷу ором, зиндагонӣ дар ҷомеаи солиму осуда, оилаи пойдор, ҷойи кори мувофиқ, муносибати хубу муоширати озод бо ҳамкорону ҳамсоягон, дӯстону хешу ақрабо ба ҳеҷ неъмати дунё намеарзаду назди маблағҳои ночиз арзише надоранд.

Дар замони муосир, ки дари илму маърифат барои тамоми инсоният боз аст, моро лозим ки донишу маърифати худро баланд бардорем. Ҳамаи амалҳои номатлуб маҳсули тафаккури пуч ва бебунёди афроде аст, ки ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар мегузоранд. Мо аз ин амалҳо ва воқеаҳои нохуш, ки дар филми “Хиёнат” оварда шудаанд, ба хулосае омадем, ки танҳо сулҳу ваҳдат ва илму маърифат моро аз он кӯи номуродию ҷаҳолат раҳо мебахшанд ва ба сӯи ояндаи дурахшон мусоидатгар хоҳанд шуд.

Бобоназарзода Санавбар,

Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ – маърифатӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд”

Next Post

Амали зиштро маҳкум мекунем

Next Post
Амали зиштро маҳкум мекунем

Амали зиштро маҳкум мекунем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.