Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ҷиҳати амалӣ намудани нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳо баҳри амалӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, санаи 20 феврали соли равон, дар ДДҲБСТ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуд.
Бояд қайд кард, ки аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд дар ярмаркаи мазкур муҳоҷироне, ки воридшавиашон ба қаламравии Федератсияи Россия манъ гардидааст ва муҳоҷироне, ки ба ватан бозгаштанд, даъват карда шуданд.
Дар ярмарка 526 адад ҷойҳои холии корӣ дар мақомотҳои давлатӣ ва корхонаҳою ташкилотҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурӯстӣ, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмон, бонкҳо ва дигар корхонаҳои саноатии шаҳр барои шаҳрвандон пешкаш гардид.
Дар ярмарка зиёда аз 350 нафар шаҳрвандон иштирок намуда, барои бо ҷойи кор таъмин шудан ба 4 нафар роҳхат ва ба 12 нафар нафар барои касбомӯзӣ равона карда шуд.
Ҳамзамон, бояд қайд кард, худи ҳамон рӯз дар маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд бо сокинон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд