Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳое, ки ҷойҳои кории холӣ доранд, ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур шаҳрвандони бекор иштирок намуда, аз ин ба як чанд нафар шаҳрвандони бекори ноҳия роҳхат барои ба кор қабул шуданашон дода шуд. Инчунин, ҷиҳати омӯзонидани шаҳрвандони бекор бо курсҳои кӯтоҳмуддат низ ба роҳ монда шуд.
Қайд карда шуд, ки бахши Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Темурмалик тамоми кушишу ғайрати худро барои таъмини иҷрои саривақтии нақша дар наздашон гузошта менамоянд.
Ҳамзамон бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик оид ба муҳтавои Паёми Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоату деҳот, Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо иштироки фаъолон ва сокинон мулоқоти судманд баргузор намуда истодааст.
Зимни баромад намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар бораи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.
Мавсуф оид ба нуқтаҳои асосии Паём ба ҳозирин маълумоти мушаххас дода, зикр намуд, ки: “Ҳар як фарди баномуси Ватан бояд шукронаи ин сарзаминро карда, ба қадри ин ҳама ободиву пешравиҳо бирасем, зеро имруз мардуми шарафманди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари муаззами кишвар зиндагии орому осуда дошта, мулк ободу дастурхони мардум пурнозу неъмат аст.”
Зимни суханронӣ ба ҳозирин оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила ва масъалаи муҳоҷирати дохилӣ баррасӣ гардида зикр гардид, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Ҳамзамон иброз намуд, ки рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Терроризм ва экстремизм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад.
Чунин вохӯриву мулоқотҳои судманд дар Ҷамоату деҳоти ноҳияи Темурмалик мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик