Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби корфармоён ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гардид.
Бояд тазаккур дод, ки мақсади ин чорабинӣ пеш аз ҳама, пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ ба корчўён дар дохил ва хориҷи кишвар, инчунин, пурзур намудани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешгири шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, савдои одамон ва бо кортаъминкунӣ, касбомӯзӣ, забономӯзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, мебошад.
Дар рафти чорабинии мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ бо сокинон низ гузаронида шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки вазъияти кунунии ҷаҳони имрӯза аҳамияти ҷиддӣ дошта, дар хориҷи кишвар бисёр созмонҳо ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ амал доранд, ки вазифаи онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои телефонӣ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии аз ватан дур ба сафҳои худ мебошад, ки ин оқибати нангинро ба бор меорад.
Бинобар ин, аз паёмакҳои телефонӣ ва даъватҳои шахсони шубҳанок тариқи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ намуда, зиракию ҳушёриро аз даст надиҳед.
Ёдовар карда шуд, ки дар сурати ба доми чунон гурӯҳҳо афтодан пеш аз ҳама ба мақомотҳои қудратии давлати қарордошта, Сафорату Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷират дар ин кишвар муроҷиат намоед.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат барои амният ва ҳифзи ҳуқуқи озодии сокинони мамлакат, бо таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ба корҷӯён шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст, ки мо метавонем аз он самарабахш истифода намоем.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муносиби корӣ ва музди маоши арзанда дар иншоотҳои бузурги сохтмонӣ ва саноатӣ аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил», сохтмону барқароркунии роҳҳо ва дигар корхонаҳои бузурги ватанӣ муҳайё мебошад.
Даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба омӯзиши касбҳои коргарӣ гирифтани шаҳодатномаи касбӣ дар филиалҳои МД “Марказҳои таълими калонсолон” ва “Таълими омӯзишии модулии шаҳр” шароитҳои мусоид фароҳам мебошад ва нафароне, ки касбу ҳунар доранд метавонанд тариқи валидатсиякунонии малакаҳои касбӣ бо роҳи гузаштан аз санҷиш ҳуҷҷати тахассусӣ гиранд.
Боиси қайд аст, ки суҳбату вохӯрӣ дар фазои озод суръат гирифта, иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни чорабинӣ варақаҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамо тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон