Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом якҷоя бо Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бо мақсади бо корҳои доимию мавсимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан баргашта ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, дарёфти корҷӯён бо ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» дар маркази шаҳри Конибодом бо иштироки зиёда аз 150 нафар шаҳрвандон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор намуданд.
Ташкилкунандагони ярмарка ба ҳозирин вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун», муҳоҷирати бехатар, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Конибодом, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, суханронӣ намуданд.
Қайд карданд, ки имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад.
Бетарафӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии мамлакат таҳдид менамояд. Танҳо дар фазои сулҳу оромӣ мо метавонем рушди устувори кишварро таъмин намоем, шароити арзандаи зиндагиро барои ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон фароҳам орем.
Аз ин рӯ зарур аст, ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои боз ҳам обод намудани ин сарзамин саҳм гузорем. Имрӯз дар кишвари худ зиндагӣ намуда, нисбат ба тақдири ҷавонон, вазъи имрӯзаи кишвар беэътиноӣ намудан камоли нодонист.
Барои пешгирӣ аз паҳншавии ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъул бошем.
Имрӯзҳо шаклҳои зиёди экстремизм муқаррар гардидааст, ки ҳар яки онҳо дорои хусусияти худ мебошанд, вале онҳоро ҳусусиятҳои заҳролуд кардани мафкураи ҷавонон, ноором кардани вазъи кишвар ва дигар ҳадафҳо бо ҳам мепайванданд. Дар замони муосир сабаби шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ гуногун аст, аз ҷумла, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, нооромии вазъи оилавӣ, бехабар будан аз мақсади гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.
Ҳар яки моро лозим аст, ки барои аз ин роҳ доштани онҳо кӯшиш ба ҳарҷ диҳем.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин ярмаркаҳо дар ҳама шуъбаю бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мунтазам идома хоҳад ёфт.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом