• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар маркази шаҳри Турсунзода

Migration Service by Migration Service
29.01.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ дар маркази шаҳри Турсунзода
309
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Маркази касбомӯзии шаҳри Турсунзода ва корхонаву ташкилотҳое, ки ҷойҳои кори холӣ доранд, ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 130 нафар шаҳрвандони бекор иштирок намуда, аз ин теъдод 17 нафар шаҳрвандони бекори шаҳри Турсунзода роҳхат барои ба кор қабул шуданашон дода шуд.

Инчунин, ҷиҳати омӯзонидани шаҳрвандони бекор бо курсҳои кӯтоҳмуддат ба 24 нафар роҳхат дода шуд.

Қайд карда шуд, ки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Маркази касбомӯзӣ дар шаҳри Турсунзода тамоми кушишу ғайрати худро барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи ярмарка равона менамояд.

Ҳамзамон бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода оид ба муҳтавои Паёми Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 119 шаҳри Турсунзода бо иштироки сокинони деҳоти Тойчи мулоқоти судманд баргузор гардид.

Зимни баромад сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Болтаев Муҳсин дар бораи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Мавсуф оид ба нуқтаҳои асосии Паём ба ҳозирин маълумоти мушаххас дода, зикр намуд, ки: “Ҳар як фарди баномуси Ватан бояд шукронаи ин сарзаминро карда, ба қадри ин ҳама ободиву пешравиҳо бирасем, зеро имруз халқи кишвар таҳти роҳбарии Сарвари муаззами кишвар зиндагии орому осуда дошта, мулк ободу дастурхони мардум пурнозу неъмат аст.”

Сипас мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират шаҳри Турсунзода Ашурова Дилафруз атрофи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба пешгирӣ ва шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ баромад намуд.

Мақсади ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву оромии халқу диёраш, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан ғайриихтиёр монеаҳои зиёд пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд.

Мавриди зикр аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои навӣ глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳронӣ ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст.

Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва ба онҳо алоқамандии зич дорад.
Стратегияи мазкур ягона санадест, ки барои иҷро нагардидани талаботҳои он ҷавобгарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар яки мову шумо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз коргари оддӣ то роҳбари корхона, кишоварзону соҳибкорон, олимону зиёиён, инчунин роҳбарони ҳама шохаҳои ҳокимият ва намояндагони мардуми кишвар дар мақоми олии қонунбарор вобастагии мустақим дорад.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки баҳрӣ иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ аз тамоми воситаҳо самаранок истифода барем ва нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа реша давонад.

Зеро дар радифи ҳамаи он тадбирҳое, ки барои мубориза бар зидди коррупсия пешбинӣ шудаанд, пеш аз ҳама чораҳои пешгирии истилоҳҳои гуногун баён шуда, оид ба ин амалӣ зишт аз ҷониби олимон ва дигар равшанфикрони замон пешниҳоду тавзеҳот дода мешуд, то ин ки он ҳадди ақал имкон аз байн бардошта шавад ва шароити мусоиде барои халқ дар ҳама гуна соҳаҳои давлатию ҷамъиятӣ фароҳам оварда шавад.

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода

Previous Post

Чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант

Next Post

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ

Next Post
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.