18-уми январи соли ҷорӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар назди бозори «Меҳргон»-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор намуданд.
Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 2600 ҷойҳои корӣ дар НБО «Роғун» ва зиёда 40 ҷойҳои холии корӣ дар ҶМТКММ «Апрелёвка» бо фарогирии беш аз 150 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба Ватан баргашта баргузор намуданд.
Дар ярмарка мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова С. вобаста бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун» суханронӣ намуда, доир ба мавзӯъ варакаҳо буклетҳо пешниҳод намуд.
Аз ҷумла, қайд кард, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғун иншооти тақдирсоз, манбаи бузурги неъматҳои ҳаётан муҳими мардуми Тоҷикистон аст.
Ба кор даромадани ин нерӯгоҳ муҳимтарин рӯйдоди таърихи давлатдории халқи тоҷик буда, дар солномаи таърихӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Зеро нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ин ҷо тавлидшуда талаботи Тоҷикистонро ба нерӯи барқ пурра қонеъ карда, ба рушди иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ҳамзамон 20 нафар шаҳрвандон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст ба вакансияҳои ҶСК «НБО Роғун» шароити зист, хӯрока ва музди маош маълумотҳои муфассал гирифта, иброз доштанд, ки дар рӯзҳои наздик аз хулосаи худ хабар хоҳанд дод.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин ярмаркаҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт