Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бозори марказии Ҷамоати шаҳраки Шайдон ярмаркаи хурди ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озоди дар ҳудуди ноҳия буда, баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 250 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва бо пешниҳоди 249 ҷойҳои холии корӣ дар 21 корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 6200 ҷойҳои холии корӣ дар ҶСК НБО «Роғун» гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 9 нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда, 9 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ дар ноҳия таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, гузаронида шуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд