Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷират, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак Мирзозода Иброҳим Холмурод ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод дар ҳудуди шаҳр буда баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 250 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва бо пешниҳоди 165 ҷойҳои холии корӣ дар 17 корхонаву ташкилотҳои шаҳр ва зиёда аз 19 ҷойҳои холии корӣ дар ҶСК НБО « Роғун» гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 20 нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда, 18 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби масъулин байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон гузаронида шуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон