Бо ташаббуси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат якҷоя бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Неъмон Розиқ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур аз намояндагони 26-корхонаю Муассиса ва дигар ташкилотҳои шаҳри Ваҳдат ҳузур доштанд.
Дар ярмаркаи мазкур аз тамоми ҳудуди Ҷамоату деҳоти шаҳри Ваҳдат 550 – нафар сокинон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва сокинони ҷамоат иштирок намуданд.
Дар ярмарка 26 – корхонаю ташкилотҳо бо 210- ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод аз рӯи 88 – номгӯи ихтиссоси коргарӣ пешниҳод гардид.
Дар рафти ярмаркаи мазкур мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат Асозода С., дар алоҳидаги бо муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар бобати рӯйхати муҳоҷирони назоратшаванда қарор доштани шаҳрвандони шаҳри Ваҳдат ва қонунҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, қайд намуд, ки ба фарзандон ва пайвандони хеш, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия кор ва фаъолият доранд расонанд, ки ҳарчи зудтар ва ба дурусти тартиб додани ҳуҷҷатҳояшон ба намояндагиҳои мақомотҳои Федералӣ муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои худро қонунӣ намуда, бо патент, иҷозатнома ва бастани шартномаи қарордоди меҳнатӣ кору фаъолият намоянд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат