Дар шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ бо иштироки намояндагони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, Раёсати Агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ баргузор гардид.
Дар рафти ярмарка кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират, Раёсати хадамот дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» бо шаҳрвандон вохӯриҳо доир намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратӣ анҷом доданд.
Масъулин вобаста ба қонунгузориҳои амалкунанда дар самти муҳоҷират, тартиби сафар ва фаъолият дар хориҷи кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, пешгирии паҳншавии вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО/БПНМ), инчунин доир ба имкониятҳои касбомӯзӣ ва забономӯзӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Зимни баргузории ярмарка, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои зарурӣ гирифтанд ва бо низомҳои қонунгузории мавҷуда шинос гардиданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, мусоидат ба бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо, омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ ба сафар ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
 
								 
								
