Бо мақсади бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта аз тарафи, шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Маркази касбомӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд мувофиқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” дар назди боғи Камоли Хуҷандӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил намуданд.
Аз тарафи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва муҳоҷироне, ки қатъи манъи вуруд ба Федератсияи Россия доранд, даъват шуда буданд. Ҳадаф аз гузаронидани ярмарка паст кардани сатҳи бекорӣ ва ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолии қобилияти меҳнат мебошад.
Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират зимни вохӯрӣ бо шаҳрвандон вобаста ба муҳоҷирати бехатар, танзими раванди будубоши муваққатӣ, фаъолияти меҳнатии қонунӣ, тартиби ба имзорасонии шартномаи меҳнатӣ, риояи талаботи санитариву гигиенӣ дар зимни фаъолияти корӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар миёни ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба имзо расонидани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ таъминнамуда, кафолати бехатарӣ дар истеҳсолоти шаҳрванди хориҷиро таъмин менамояд.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ оид ба иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷиҳати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, ёрии тиббӣ расонидан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсия Россия, гирфтани Патент, тартиб додани шартномаи меҳнатӣ, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ ворид шудан дар алоҳидагӣ иброз намуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд