• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар маҳаллаҳои Дӯстӣ ва Борбади шаҳри Кӯлоб

Migration Service by Migration Service
19.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар маҳаллаҳои Дӯстӣ ва Борбади шаҳри Кӯлоб
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва тақвият бахшидани корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва сокинони маҳаллаҳои Дӯстӣ  ва Борбади шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ярмаркаи мазкур, пеш аз ҳама, пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ ба корҷӯён дар дохил ва хориҷи кишвар, пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Федератсияи Россия дар самти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, савдои одамон ва ҷалби сокинон ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ бакортаъминшавӣ дар дохили кишвар мебошад.

Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, аз ҷониби корфармоён ҷойҳои кории холӣ пешниҳоди аҳолии қобили меҳнат гардид, дар ин раванд аз ҷониби масъулини шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ба иштирокчиён ва сокинони маҳаллаҳои Дӯстӣ ва Борбад вобаста ба тағйиру иловаҳо ба санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Федератсияи Россия дар самти будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, тарзи бақайдгирӣ, гирифтани патенту бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармоён ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ифротӣ, маълумотҳои муфассал дода шуд.

Бо назардошти вазъияти кунунии ҷаҳони имрӯза, ки аҳамияти ҷиддӣ дорад қайд гардид, ки дар хориҷи кишвар созмонҳо ва ташкилотҳои экстремистию террористӣ бо ҳадафҳои нопоки худ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои телефонӣ,  ҷавонону муҳоҷирони меҳнатии аз ватан дурро ба сафҳои худ ҷалб намуда, бо ин васила нақшаҳои бераҳмонаи хадро  амалӣ созанд.

Гуфта шуд, ки аз паёмакҳои телефонӣ ва даъватҳои шахсони ношинос худдорӣ намуда, зиракию ҳушёриро аз даст надиҳанд.  Дар ҳолати ба доми чунин гурӯҳҳо афтодан саравал бояд ба намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати қарордоштаи худ ба Сафорату Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ё ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлати қарордошта муроҷиат намоянд.

Вобаста ба бозори меҳнат намоядаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуѓли аҳоли дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат барои амният ва ҳифзи ҳуқуқи озодии сокинони мамлакат бо кишварҳои дар бозори меҳнат рақобатпазир шартномаҳои тарафайнро ба имзо расонидааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо ва таъмини ҷойи корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд. Инчунин, дар дохили кишвар таъсиси ҷойҳои нави кории муносиб бо шароитҳои мусоид фароҳам мебошад, ки корчӯён метавонанд аз он самарабахш истифода намоянд.

Қайд гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муносиби корӣ ва музди маоши арзанда дар иншоотҳои бузурги сохтмонӣ ва саноатӣ аз қабили НБО «Роғун», ҶСП «Ҷунтай-Данғара», «Син силу текстил», сохтмону барқароркунии роҳҳо ва дигар корхонаҳои хурду бузурги ватанӣ муҳайё буда, ба мутахассисони соҳибмалакаи ватанӣ эҳтиёҷ доранд.

Аз ҷониби намояндагон ба иштирокчиён ҷиҳати дарёфти ҷойи кори муносиб, забономӯзӣ, гирифтани шаҳодатномаи касбӣ ё тариқи валидатсиякунонии малакаҳои касбӣ гирифтани ҳуҷҷати касбӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Боиси қайд аст, ки сӯҳбату вохӯрӣ дар фазои озод суръат гирифта, дар фарҷом ба иштирокчиёни чорабинӣ варақаҳои иттилоотӣ ва брошюраҳои роҳнамои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб

Next Post

Суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Дашт ва Мискинободи ноҳияи Файзобод

Next Post
Суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Дашт ва Мискинободи ноҳияи Файзобод

Суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Дашт ва Мискинободи ноҳияи Файзобод

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.