Шуъбааи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Данғара якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия, бо мақсади бо корҳои доимию мавсимӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дарёфти корҷуён бо сохтмони ҶСК «НБО Роғун», дар маркази ноҳияи Данғара ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, баргузор намуданд.
Дар рафти чорабинӣ кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират бо корҷуёну муроҷиаткунандагон суҳбату вохӯрӣ гузарониданд.
Дар раванди ин суҳбатҳо бештар мавзӯи сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон ба кишварҳои хориҷа, қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, ки яке аз қабулкунандагони асосии муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад, мавриди баҳсу гуфтугуҳо қарор гирифт.
Мавзӯи дигаре, ки дар вохӯриҳо иброз гардид, ин пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ буд.
Ҳамзамон, аз тарафи кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун», ширкатҳои дар ҳудуди ноҳия буда, инчунин, давлатҳои хориҷи кишвар, муҳоҷирати бехатар оид ба вазъи муҳоҷирони ноҳияи Данғара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, суханронӣ намуданд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд, ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ – маърифати аз ҷониби масъулини шуъба тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон