Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом якҷоя бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, бо мақсади бо корҳои доимию мавсимӣ таъмин намудани муҳоҷирони ба ватан баргашта ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, дарёфти корҷуён бо сохтмони ҶСК «НБО Роғун» маркази шаҳри Конибодом бо иштироки зиёда аз 150 нафар шаҳрвандон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор намуданд.
Дар ярмарка ҳар яке оид ба мавзӯҳои гуногун суханронӣ намуданд.
Аз тарафи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират шаҳр Ф.Толибова вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун», Миср, Литва, ФР, Булғория ва дигар шаҳрҳои хориҷи кишвар муҳоҷирати бехатар ва муҳокимат бо савдои одамон, оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Конибодом , ки дар федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, инчунин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза бо алайҳи террирозм экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, суханрони намуд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ширкатҳои кишвари Россия омодаанд, ки роҳкиро ва ҳуҷҷатгузориро ба уҳда гиранд.
Дар охир ба суолҳои сершумори иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуд ба ҳар яки онҳо варақаҳои иттилоотӣ маърифати аз ҷониби масъулини бахш тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд.