Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Хуросон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Қайд гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муносиби корӣ ва музди маоши арзанда дар иншоотҳои бузурги сохтмонӣ ва саноатӣ, аз ҷумла НБО “Роғун”, сохтмону барқароркунии роҳҳо ва дигар корхонаҳои бузурги саноатӣ муҳайё мебошад.
Қобили кайд аст, ки дар ярмаркаи мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, ташкилоту корхонаҳо, корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта фаъолона ширкат намуданд. Аз ҷониби корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия зиёда аз 100 чойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гардида, ба 11- нафар ҷавонони корҷӯ барои ба кор баромадан, роҳхат гирифтанд.
Бино ба иттилои манбаъ, пеш аз ҳама ба сокинони ноҳияи Хуросон тавсияҳо барои кор дар НБО “Роғун” дода шуд, ки дар натиҷа бештари сокинон барои фаъолияти меҳнатӣ дар бунёди НБО “Роғун”, ки барои Тоҷикистон аҳамияти муҳими стратегӣ дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО “Роғун” бо кадрҳои коргарӣ таъсис дода шудааст.
Дар ярмаркаи чойҳои кории холӣ, ки бештари онро муҳоҷирони ба ватан бозгашта ташкил медоданд, ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” аз руи ихтисосҳо, шарту шароит ва маош пешниҳод гардидааст, пешкаш карда шуд.
Намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират, ки дар ярмарка ҳузур доштанд, ба иштирокчиён оид ба муҳоҷирати бехатар дар кишвари қабулкунанда, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундравӣ экстремистию-террористӣ, пешгириии савдои одамон, донистани қонунҳои давлатҳои муҳоҷирқабулкунанда маълумоти мушаххас дода, ба нафароне, ки азми сафари муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ва дарёфти кор дар дохили кишвар доштанд, брошюраҳо дастрас карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон