Тибқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” оид ба кор таъмин намудани шахсони бекор ва корҷӯянда дар маркази Ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил шуд.
Дар ярмаркаи мазкур кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ярмаркаҳо таъмин намудани ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ба ҷойи кори доимӣ ва сокинони бекасб ба шуғли пурмаҳсул мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Рамазон Азизмамадов ва машваратчии калон оид ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” Гулчеҳра Хушмардова корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии НБО “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуданд. Бояд таъкид намуд, ки алакай дар ду моҳ соли равон 42 нафар сокинони ноҳия бо кори доимӣ дар иншоотҳои сохтмонии ҳудуди вилоят таъмин шуданд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ карда шуд.
Дар фарҷом ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

