Мувофиқи “Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” оид ба кор таъмин намудани шахсони бекор ва корҷӯянда дар назди “Мардикорбозор”-и шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил шуд, ки ба чорабинии калони маърифатию иттилоотӣ табдил ёфт.
Дар ярмарка 150 нафар шаҳрвандон иштирок намуда 280 адад вакансияҳои ҷойҳори кории холӣ пешниҳод шуда, 8 нафар шаҳрвандони бекор ба касбомӯзонӣ фаро гирифта шуда, 4 нафар барои бо кор таъмин шудан роҳхат дода шуд.
Ҳадаф аз гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ин мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ё ки манъи вуруд доранд ва инчунин коҳиш додани сатҳи бекорӣ мебошад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки аксарияти муҳоҷирони мо аз сабаби надонистани қонуну қоидаҳои кишвари қабулкунанда, яъне надонистани забон, надоштани касбу ҳунар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилиҳои зиёд ру ба ру шуда, оқибат фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳон гардида, аз қаламрави Федератсияи Россия ронда мешаванд.
Инчунин, аз ҷониби бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан якҷо бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.
Дар ярмарка 15 сохторҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва иҷтимоии шаҳр иштирок намуда, 162 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод гардиданд.
Дар баргузории ярмаркаҳо 90 нафар шаҳрвандони дар ҷустуҷӯи корбуда иштирок намуданд. Ба 22 нафар шаҳрвандон ба ҷойҳои кории холӣ роҳхат дода шуда, барои бо кор таъмин гаштани 13 нафар мусоидат карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

