Бо мақсади бо ҷойи корӣ муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент якҷоя бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар маркази шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва корҳои мавсимӣ баргузор намуд.
Чорабинии мазкур бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта гузаронида шуд. Дар рафти ярмарка аз тарафи сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр Муқумов А., ба иштирокчиён ҷойҳои кории дар ҶСК НБО “Роғун” пешниҳод карда шуд. Инчунин, дар рафти ярмаркаи сайёр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба шаҳрвандони бекор оиди ҷойҳои нави корӣ дар дохилӣ кишвар тавсияҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, ба самъи иштирокдорон расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон суханронӣ карда шуда, ба шунавандагон доир ба мавзуъ буклетҳо тақсим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки бо ибтикори шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Зафаробод низ ташкил ва баргузор карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд