Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши машварати касбӣ ва касбинтихобкунӣ дар назди бозори Бадахшони ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, аз ҷумла НБО “Роғун” бо мақсади ҳарчи бештар паст намудани сатҳи бекорӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷиратӣ ва аъзои оилаи онҳо гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур бо пешниҳоди 160 ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод дар корхона ва ташкилотҳо, 400 ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” гузаронида шуд.
Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор тибқи супориши Ситоди вилоятӣ вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК “НБО Роғун” варакаҳо буклетҳо пешниҳод намуда, барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” ба қайд гирифта шуданд.
Дар ярмаркаи мазкур 10 нафар шаҳрвандони бекор дорои тавсияномаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия гаштанд.
Инчунин, 7 нафар шаҳрвандон аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст ба вакансияҳои ҶСК “НБО Роғун” шароити зист, хӯрока ва музди маош маълумотҳои муфассал гирифта иброз доштанд, ки дар рузҳои наздик аз хулосаи худ хабар хоҳанд дод.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани чунин ярмаркаҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод