Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Бустон дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи С. Айнӣ дар якҷоягӣ бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуданд.
Тавассути ин чорабинӣ бархе аз корҷӯяндагоне, ки муроҷиат намуданд, ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ, занону духтарони бешуғл ба касбомузӣ дар шаҳри Бустон таи солҳои охир тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Баргузории чорабинии мазкур тибқи нақшаи ҳарсолаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ҷиҳати ба шуғл таъмин намудани сокинони бешуғл, бахусус, муҳоҷирони меҳнатӣ ва занону духтарон роҳандозӣ гардида истодааст.
Инчунин, 15 нафар шаҳрвандон, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст ба вакансияҳои ҶСК «НБО Роғун» шароити зист, хӯрока ва музди маош маълумотҳои муфассал гирифта иброз доштанд, ки дар рӯзҳои наздик аз хулосаи худ хабар хоҳанд дод.
Бояд зикр кард, ки гузаронидани чунин ярмаркаҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузаронида мешавад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд