Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисон мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъӣ бозори меҳнат Хадамоти муҳоҷират ва зерсохтори он дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, 18 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хиёбони Рӯдакӣ 10, дар назди Маркази савдои Садбарг ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ярмарка корхонаю муассисаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе фаъолона ширкат намуданд. Дар он аз тарафи ҶСК “НБО Роғун”, ҶДММ “Ваҳдат Текстайл”, ҶДММ “Ноқили Талко”, ҶСК “Сементи тоҷик”, ҶСП “Телеком технолоҷӣ”, ҶДММ “Ғаюр корея технолоҷӣ”, ҶДММ “Лазолӣ”, ҶДММ “Армон-21”, КВД “Обу корези шаҳри Душанбе”, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин соҳаи тандурустӣ ва соҳаи маорифи ноҳияҳои пойтахт ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва зертобеи он корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Аз ҷумла, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки аз 5 феврали соли 2025 нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия қарор доранд, раванди ихроҷи онҳо амалӣ шуда истодааст.
Дар асоси Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Феҳристи шахсони назоратшаванда қарор доранд, метавонанд то 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Пас аз 1 майи соли 2025 масъалаи танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия ғайриимкон хоҳад буд ва тамоми чораҳои пешбининамудаи қонун вобаста ба ихроҷ, инчунин манъи вуруд ба Русия дар оянда нисбати хориҷиёне, ки вазъи ҳуқуқии худро танзим накардаанд, татбиқ карда мешаванд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.
Дар фарҷом ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират