Бо ташаббусиРаёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ якҷоя бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар маҳаллаи Хуросони шаҳри Ваҳдат ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур 36-корхонаю ташкилотҳо бо пешниҳоди зиёда аз 220-ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод, аз рӯи 80-номгӯи ихтисоси коргарӣ ба муроҷиаткунандагон пешниҳод гардид. Дар рафти чорабинӣ мудири бахши Хадамоти муоҷират Асозода С., дар алоҳидагӣ бо гурӯҳҳое аз иштирокчиёни ярмарка суҳбат ороста, дар масъалаҳои мубрами рӯз, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи муроҷиаткунандагон расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.
Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат Идиев А., иброз намуд, ки гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ минбаъд низ дар ҳудуди ҷамоату деҳот ва маркази шаҳри Ваҳдат гузаронида мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар назди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ оид ба шаҳодатномакунонӣ ва касбомӯзи айниҳол аз рӯи 9-ихтисос ба довталабон дар курсҳои мазкур омӯзонида мешаванд.
- Дӯзандагӣ
- Барқчӣ
- Асосҳои омӯзиши компютерӣ
- Сартарош
- Кафшергари барқӣ ва газӣ
- Ошпаз
- Қанодӣ
- Сохтмончӣ
- Муҳосиб бо донистани компютер
Дар ярмарка барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкатҳои сохтмонӣ ва НБО “Роғун” ба 25-нафар шаҳрвандони бешуғл роҳхат дода шуд, ки аз ин шумора 8-нафари онҳо ба ширкатҳои НБО-и “Роғун” равона гардид.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат