Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан баргашта, санаи 10 апрели соли 2026 бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт якҷо бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар бозори Ҷамоати деҳоти Понғоз ярмаркаи ҷойи кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 243 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ва бо пешниҳоди 297 ҷойҳои кории холӣ дар 22 корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 6200 ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 12 нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда, 12 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова Сулҳия байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон ва муқовимат бо коррупсия гузаронида шуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

