Бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, санаи 10-уми сентябри соли 2025 дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар ноҳия Ашт, дар назди театри мусиқӣ – драммавии ба номи М. Воҳидов, ярмаркаи хурди ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо фарогирии зиёда аз 291 нафар шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва бо пешниҳоди 320 ҷойҳои кори холӣ дар 23 корхонаву ташкилотҳои ноҳия ва зиёда аз 6200 ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ ва корҳои фаҳмондадиҳи ба 11 нафар шаҳрвандони корҷӯй роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дода шуда, 8 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт байни иштирокчиён корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии савдои одамон гузаронида шуд.
Инчунин, қайд карда шуд, ки интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва бо кӯшишу меҳнат соҳиб шудан ба касбу ҳунар шахсро дар оянда соҳиби ҷойи кор намуда, зиндагиашро пеш мебарад. Ҳамчунин мавқеъгирӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд