19 сентябри соли равон, бо ибтикори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар назди бозори “Меҳргон”-и ноҳияи И. Сомонии пойтахт ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ, ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисони мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат, инчунин бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳри Душанберо дарбар мегирифт.
Дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар ва ширкатҳои сохтмонии дохили кишвар ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон, ВНМО, қонунгузориҳои соҳаи муҳоҷират дар хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират