Ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии кор

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара вобаста ба ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои холии кор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҷрибаи фаровон дошта, дар ин самт ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар самти ташкил намудан ва гузаронидани ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии кор шуъба бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, МД «Маркази таълими калонсолон» ва ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ҳамкорӣ намуда дар маҷмаааи «Риштаи меҳр» гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ ба корҷӯён оид ба муҳоҷирати бехатар, пешгирӣ ва мубориза бо омилҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардид.

Якчанд нафар иштирокчиён барои дарёфти ҷойи кор дар дохил ва хориҷи кишвар ва касбомӯзони номнавис гардиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо