Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисон мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъӣ бозори меҳнат, Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар ҳамкорӣ бо раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, 4 июни соли равон дар назди Маркази савдои “Садбарг”-и ноҳияи Шоҳмансур ярмаркаи ҷойҳои нави кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ярмаркаҳо таъмин намудани сокинони бешуғли пойтахт ва дигар навоҳии кишвар ба ҷойи кори доимӣ ва сокинони бекасб ба шуғли пурмаҳсул мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ярмарка аз ҷониби масъулин ба корҷӯён маълумот оид ба ҷойҳои кори холӣ дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО “Роғун”, бо мақсади сафарбар намудани сокинони пойтахт ба ҷойҳои кории холӣ дар НБО “Роғун” тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, баҳри таблиғу ташвиқ ва ҷалби сокинони бешуғл аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе маълумоти муфассал ва брошюраҳову варақаҳои иттилоотӣ пешниҳод гардида, як қатор шаҳрвандон барои бо кор фаро гирифтан дар корхонаҳои мухталиф роҳхат гирифтанд.
Ба ярмарка аз ҷониби корхонаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла корхонаҳои азиму стратегӣ ва ширкати фаъолияткунанда дар НБО “Роғун”, Тоҷикэлектромонтаж, ширкатҳои Сиёма, Тселл, Ашан, бахши хусусӣ, инчунин ширкатҳои бонкии ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту корхонаҳо ба шаҳрвандони корҷӯ ва нафароне, ки хоҳиши иваз кардани ҷойи кор ё пайдо намудани кори беҳтар пайдо доранд, пешниҳод гардид.
Дар баробари ин, ба иштирокчиёни чорабинӣ имкониятҳои васеи касбомӯзӣ дар заминаи муассисаҳои таълими касбии низоми вазорат, аз ҷумла дар МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, марказҳои рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Роғун, ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, ки ба талаботи сатҳи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, ба хатмкунандагон сертификати сатҳи байналмилалӣ медиҳанд, муаррифӣ шуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян гардида, маҷмуи чорабиниҳои амалӣ роҳандозӣ гардиданд.
Масъалаи меҳнат ва расидан ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таъмини меҳнати арзанда ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳими таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28 декабри соли 2024 чунин қайд гардидааст:
Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардида, бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст”.
Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.Яъне ба таъсиси ҷойҳои кории нав ва бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва меҳнати арзанда афзалият дода шуд.
Дар робита ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он ҳамчун яке аз мақомҳои ваколатдор дар ҳамоҳангсозии фаъолият ва таъмини иҷро чорабиниҳои амалӣ, ба монанди тақвияти бокортаъминкунии шаҳрвандон, касбомӯзӣ тибқи талаботи корфармо, ташкили курсҳои омӯзиши забони давлатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ, баланд бардоштани сатҳи омода намудани кадрҳои коргарӣ, инчунин, дар ҳамкорӣ бо корфармо ташкил намудани машғулиятҳои амалии касбомӯзон ва як қатор чорабиниҳои дигарро роҳандозӣ намудааст.
Баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ин яке аз чорабиниҳои нақшавӣ дар ин самт буда, ин маротиб бо фарогирии васеъ ва пешниҳоди ҷойҳои кории холӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва дархосту талаботи корфармоёни хориҷӣ ташкил карда шуда, ҳамзамон имкониятҳои омода намудани мутахассисон, яъне ташкили касбомӯзӣ ва забономӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, бахусус корфармои хориҷӣ пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва Маркази машваратӣ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида шуд, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 28 апрели соли 2025, таҳти №272 “Оиди ворид намудани тағйироту илова ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, № 1126”, муҳлати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия то 10 сентябри соли 2025 тамдид карда шуд.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Россия бе ҳуҷҷати расмӣ қарор доранд, имконият доранд, ки то санаи 10 сентябри соли 2025 ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд.Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.Дар фарҷом ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират