Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисон мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъӣ бозори меҳнат, 24 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хиёбони Рӯдакӣ 10, дар назди Маркази савдои “Садбарг” ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри дар Душанбе иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ярмарка таъмин намудани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ мебошад.
Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан дар Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”ва дигар марказҳои таълимии назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат дода шуд.
Дар ярмаркаи мазкур вакансияи ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби муассиса ва ташкилоти шаҳри Душанбе, инчунин ширкатҳои хориҷи кишвар пешниҳод гардид.
Дар ҷараёни баргузории ярмарка, аз ҷониби кормандони Хадамоти муҳоҷират корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ анҷом дода шуда, шаҳрвандон оид ба қоидаҳои сафар, кор дар хориҷи кишвар ва имкониятҳои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ва касбомӯзӣ маълумот гирифтанд.
Дар поёни чорабинӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
