22 августи соли равон, бо ибтикори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар назди бозори “Меҳргон”-и ноҳияи И. Сомонии пойтахт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинии муҳим, пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ, ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисони мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъи бозори меҳнат дар шаҳри Душанберо дарбар мегирифт.
Дар ярмаркаи мазкур, инчунин шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, МД “Маркази ҷумҳуриявии роҳнамоии касбӣ”, муассисаҳои таълимии низоми Агентӣ ва намояндагони 22 муассисаю ташкилотҳо иштирок карда, дар маҷмуъ, 4460 ҷойҳои кории холӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба шаҳрвандони корҷӯ пешниҳод гардид. Дар ярмаркаи мазкур 450 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират ва зертобеи он корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар, инчунин дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи НБО “Роғун” ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Инчунин, дар чорабинӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон, ВНМО, қонунгузориҳои соҳаи муҳоҷират дар хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират