Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба ватан бозгашта, ҷиҳати интихоби ҷойи кории мувофиқ ба кордиҳандагон барои интихоби мутахассисон мавриди талабот, муътадил гардонидани вазъӣ бозори меҳнат, 13 июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хиёбони Рӯдакӣ 10, дар назди Маркази савдои Садбарг ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро баргузор гардид.
Дар ярмаркаи мазкур кормандони масъули Хадамоти муҳоҷират, МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Душанбе ва Маркази захиравии муҳоҷирон (ICMPD), иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ярмарка таъмин намудани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта бо ҷойи кори мавсимӣ ва доимӣ мебошад.
Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан дар Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”ва дигар марказҳои таълимии назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат дода шуд. Дар ярмаркаи мазкур вакансияи ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби муассиса ва ташкилоти шаҳри Душанбе, инчуин ширкатҳои хориқи кишвар пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ, аз тарафи масъулини Хадамоти муҳоҷират ба таваҷҷуҳи иштирокдорон расонида шуд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Федератсияи Россия шаҳрвандони хориҷӣ дар муҳлати ду моҳ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд, ки ба раёсати ноҳиявии Вазорати корҳои дохилии ФР ҷойи зисти худ оид ба имзо расонидани шартномаи фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо маълумот манзур намоянд.
Барои пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти ҳудудӣ се роҳи қонунӣ вуҷуд дорад:
1. Тавассути хизматрасонии почтаи давлатии “Почта Россия” (бо дар назардошти пешниҳод намудани маълумот оид ба дастрас намудан ба мақомоти салоҳиятдор);
2. Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслугы”;
3. Шахсан ташриф овардан ба муассисаи давлатии федералии буҷетии “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза” – и ВКД ФР дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ, барои шаҳри Москва ва вилояти он “Сахарово”;
Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи қонунгузории кишвари иқомат шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Россия вазъи ҳуқуқии худро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои ба дастоварда дар самти фаъолияти меҳнатӣ ба таври худкор бекор карда шуда, шаҳрванд ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда мешавад.
Инчунин, дар ярмарка оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, суханронӣ карда шуд. Дар поёни чорабинӣ ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират