Бо мақсади бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб якҷоя бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар назди маркази савдои “Бадахшон” ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин ярмаркаҳо ин паст намудани сатҳи бекорӣ ва ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат мебошад.
Чорабинии мазкур бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандон, инчунин муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта гузаронида шуд. Дар рафти ярмарка аз тарафи намояндагони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб ба иштирокчиён ҷойҳои кории холӣ дар ҶСК НБО “Роғун” ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ пешниҳод карда шуд.
Дар рафти ярмарка ба шаҳрвандони бекор оиди ҷойҳои нави корӣ дар дохили кишвар тавсияҳои муфид дода шуд.
Бояд қайд кард, ки дар баргузории ярмарка аз ҷониби 7 -ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, коммуналӣ, саноатӣ ва иҷтимоӣ 185 – ҷойҳои холии корӣ пешниҳоди корҷӯён гардида, дар рафти он тариқи роҳхат 16 – нафар корҷӯён ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ ва 1 – нафар мутахассиси касбӣ ба ширкати сохтмонии (ТГМ)- и Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” сафарбар гардид.
Дар рафти чорабинӣ баромадкунандагон иброз намуданд, ки расидан ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, таъмини меҳнати арзанда ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳими таҳти назорати доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28 декабри соли 2024 баргузор гардид, чунин қайд гардидааст:
“Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат буда, бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ба миён омадааст”.
Ҳамзамон, ҳангоми вохурӣ аз ҷониби намояндагони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб ба саҳми иштирокдорон расонида шуд, ки ҷиҳати қонунигардонӣ дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд, метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Инчунин, дар рафти чорабинӣ корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар, экстремизму терроризм, пешгирии савдои одамон ва даст задан ба ғайримақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ суханронӣ гардида, ба иштирокдорон доир ба мавзуъ брошюраҳои иттилоотӣ Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон