• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забон ҳастии миллат

Migration Service by Migration Service
04.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони муосир
310
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Забони ман, забони модари ман,

Сипеҳри ман, маҳи ман, ахтари ман,

Агар як лаҳза қадратро надонам,

Дусад ман хок бодо бар сари ман.

Забон ҳастии миллат ва рукни муҳими ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

Забон дар ҳамаи давру замонҳо сарчашмаи истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккул мебошад.

Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои ширину гуворо ва бою пурғановат буда, дар байни забонҳои дигар мақоми шоиста дорад.

Забоне, ки тӯли ҳазорсолаҳо шоирону мутафаккирон, олимону хирадмандони гузаштаи мо, аз қабили Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Туғралу Лоиқ ва дигар бузургони зиндаёд осори хешро ба қалам овардаву рӯйи девори таърих нақшбандӣ намудаанд.

Забони тоҷикӣ сарнавишти беш аз се ҳазор сола дошта, дар дарозои таърихи хеш ба таҳаввулотҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

Аммо тохтутозҳои аҷнабиён ва кӯшишҳои бамаротиби ҷорӣ намудани забону фарҳанги бегона натавонист забони шевову гуворои миллати тамаддунофари тоҷикро аз байн бибарад.

Таъсироти охирин ба забони тоҷикӣ аз замони ғасби Осиёи Миёна аз тарафи Русия оғоз гардида, то нимаи дуюми солҳои 80-уми асри 20 давом меёбад.

Дар ин давра мавқеи забони тоҷикӣ маҳдуд гардида, истифодаи он дар сатҳи давлатӣ кам мегардад.

Вазифаҳои ҷамъиятиву тарбиявӣ ва маърифативу фарҳангии забон дар ҷомеа коста гардида, асосан дар гуфтугузори кӯчагиву дохилиоилавӣ ба назар мерасад.

Мардум дар маҷлису маъракаҳо ва матбуот андешаҳои худро вобаста ба мақоми забони тоҷикӣ иброз менамуданд.

Пас аз саршавии раванди демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри 20 мардум ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, пешниҳод намуданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шавад.

Ҳамин тавр, санаи 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул карда шуд.

Ин қонун заминаи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ гардид.

Аз ҳамин рӯз сар карда то соли 2009 дар саросари ҷумҳурӣ санаи 22 июл ҳамчун “Рӯзи забон” таҷлил мегардид.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани низоми нави давлатдорӣ ва асосҳои сохтори конститутсионӣ санаи 06 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурси умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Мувофиқи моддаи 2-и санади Олии ҳуқуқӣ, забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад.

Рушди илму фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ зарурати таҳия ва қабули қонуни нав дар бораи забонро тақозо намуд. Ҳамин тавр, санаи 05 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд.

Ин қонун истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.

Аз соли 2009 сар карда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи  рӯзҳои ид” санаи 05 октябр ҳамчун  “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гирифта мешавад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон саъю кӯшиши зиёд менамоянд”.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушду нумуъ ва нуфузи бештари забони тоҷикӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Тавре устоди сухан Бозор Собир навиштааст:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Ғайбуллоев Баҳрулло,

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Айнӣ

                   

Previous Post

Тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ

Next Post

Забон – нишонаи ҳастии миллат

Next Post
Нақши Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони муосир

Забон – нишонаи ҳастии миллат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.