Забони тоҷикӣ дар баробари муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо тоҷикон аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бой ва қадимаи дунё ба шумор меравад.
Ин забон таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад.
Аз ин лиҳоз, он дар қатори забонҳои машҳури дунё ҷойгир аст ва мавқеи махсусро ҳам ишғол менамояд.
Бояд ҳар як фарди тоҷик бо доштани чунин забони ширину хушсадо, нобу гӯшнавоз ифтихор намояд ва ҳамеша баҳри тозаю покиза нигоҳ доштани он аз унсурҳои бегона мубориза барад.
Чунки забон – ин ҳастии миллат ба шумор меравад.
Миллати моро ҳам аз рӯи забонамон мешиносанд.
Барои ҳамин, моро зарур ва ҳатто лозим аст, ки дар навбати аввал бояд забони давлати худамонро ба таври пурра, бо тамоми қонуну қоидаҳояш хуб донему омӯзем.
Забон, ки муҳимтарин воситаи ифода ва баёни фикри инсон мебошад, ҳодисаи ниҳоят мураккабест, ки дар шуури одамон вуҷуд дорад.
Пайдоиши он раванди дуру дарозеро тай намудааст.
Мавҷудияти он бо таърихи пайдоиши инсоният алоқаманд аст.
Забон нишондиҳандаи ҳастии ҳар миллат аст.
Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад, бо мурури замон дар майдони таърих аз ӯ нишоне боқӣ нахоҳад монд.
Ҳар як миллат забони миллии худро дорад.
Забони миллии мардуми тоҷик забони тоҷикӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ асоси ҳувияти миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, яке аз аломатҳои муҳимтарини муттаҳидкунандаи ҳамаи миллатҳо ба ҳисоб меравад.
Гиромидошти забони давлатӣ яке аз падидаҳои мубораки даврони Истиқлоли давлатӣ буда, мисли дигар суннатҳои бостонӣ барои тоҷикон азизу муътабар аст, зеро забони модариамон чун ба модари худ арҷ гузошта, бо қалбҳои саршор аз меҳру ифтихор ҳофизаи таърихии худро варақгардон менамоем ва роҳи пурпечу фарози тайнамудаи забону фарҳангамонро пеши назар меорем.
Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикии мо дар давраи Исгиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои зиёиёни кишвар дар мақоми таърихии худ дубора эҳё ва барқарор гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳои хеш ба муносибати Рӯзи забон ва вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат ба забон ҳамчун рукни асосӣ ва ҳастии миллат, нишони давлатдории миллӣ арҷгузорӣ намуда, сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамин поя устувор сохтааст.
Забони мо дар мақоми забони давлатӣ ва расмӣ пеш аз замони Сомониён низ собиқаи бисёр тӯлонӣ дорад.
Гузашта аз ин, забони мо дар се давраи таърихи ташаккулаш бо давлатҳои мутамаддини Ҳахомонишиён, Сосониён ва Сомониён марбут аст.
Аз ин се давраҳои таърих осори бисёр нодир ва арзишманде ба мерос омадааст, ки ворид шудани ин осор ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ на танҳо ифтихори мо, ворисони ин забон аст, балки ифтихори тамоми ҷаҳониён низ мебошад.
Забони тоҷикӣ дар ҳама давру замон чун забони расмӣ, давлатӣ корбурд мешуд ва мардуми моро нигаҳбони асосӣ буд дар кашмакашиҳои таърихии ҳаёт.
Хушбахтона дар даврони соҳибистиқлолӣ 5-уми октябри соли 2009, №553 Қонуни нави забон бо тағйиру иловаҳо бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид ва имрӯзҳо моддаҳои алоҳидаи он мунтазам татбиқ шуда истодаанд.
Дар иртибот ба қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст, ки дар роҳи татбиқи ин қонун амалҳои зиёдеро ба сомон дода истодааст.
Маҳз имрӯзҳо Кумитаи мазкур дар татбиқшавии бандҳои алоҳидаи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» нақши худро гузошта истодааст.
Оқилӣ Камол Толибзода,
Директори Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Хуҷанд