• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забон – омили асосии рушди камолоти миллат

Migration Service by Migration Service
03.10.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Забон – омили асосии рушди камолоти миллат
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таҳти ин унвон санаи 3 октябри соли 2025 ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти муҳоҷират ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар оғоз Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллӣ ва омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, табрику таҳният гуфт.

Номбурда аз ифтихор ва таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони давлатӣ, масъалаи омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги миллӣ ва устувор кардани мавқеи забони тоҷикӣ дар коргузориву таҳияи ҳуҷҷатҳо сухан гуфта, қайд кард, ки нақши Сарвари давлат дар таҳкими истиқлолияти фарҳангии кишвар ва рушди забони тоҷикӣ ниҳоят назаррас мебошад. Таъкид гардид, ки имрӯз дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат ҳар як фарди меҳандӯстро зарур аст, ки дар амри рушду такомули забони давлатӣ саҳмгузор бошад.

Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, далели бостонӣ будани забон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон эътироф шудааст. Забони тоҷикӣ бо вуҷуди мушкилоти зиёд дар масири чандҳазорсолаи худ ҳамқадами замон ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии давраҳои гуногуни таърихӣ будааст. Имрӯз баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ имкон пайдо шуд, ки ба масъалаи гиромидошти воқеии забон, таъмини мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти махсус дода шавад. Ва ҳоло ин масъала яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро забон шиносномаи давлат ва яке аз муқаддасоти асосии он мебошад.

Дар идома, чанд нафар аз фаъолони Хадамоти муҳоҷират дар назди иштирокдорон аз эҷодиёт ва хотираҳои адибони ҷаҳонӣ оид ба бузургии забони тоҷикӣ гуфтору таъкид ва шеърҳо қироат намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ

Next Post

Шанбегии дастаҷамъона дар Хадамоти муҳоҷират

Next Post
Шанбегии дастаҷамъона дар Хадамоти муҳоҷират

Шанбегии дастаҷамъона дар Хадамоти муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.