Забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ ва сарвати бебаҳои фарҳангӣ шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама, ба воситаи он мешиносанд. Ин унсур пайвандгари қарнҳо буда, осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи он ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад Ин забон яке аз забонҳои қадимии олам маҳсуб ёфта, таърихи ғанӣ дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд, ки ин аз як тараф боиси ифтихори мо соҳибзабонон аст ва аз ҷониби дигар ин масъала моро водор менамояд, ки барои поку беолоиш нигоҳдоштани забонамон кӯшиш намоем.
Забон рукни асосии нишони давлатдорӣ ба шумор меравад. Ҳар як миллат маҳз ба василаи забон ҳамчун миллати соҳибихтиёр ва соҳибтамаддун шинохта мешавад. Забон воситаи ягонаи ҳифзи мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавии ҳар як халқ ба ҳисоб рафта дар таҳвили ин навъи мерос саҳмгузор будааст. Тибқи қарори Созмони байналмилалии ЮНЕСКО аз 21-уми феврали соли 2000-ум сар карда, имрӯзро ҳамчун “Рӯзи байналмилалии забони модарӣ” эълон намудааст. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз 22 июли соли 1989 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ – забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳои таълимию илмӣ ва ғайра бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Бо назардошти ин 22-юми июли соли 1996 ба муносибати Рӯзи забон масъалаи таҳия ва тасвиби “Қоидаҳои имлои забони тоҷики”, яке аз масъалаҳои хеле муҳим арзёби гардид. Таъкиди ин масъала бар пояи мантиқӣ устувор гардида, зарурати таҳияи “Қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ” пеш омада буд. Ҳамин тавр, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми сентябри соли 1998 ”Имлои забони тоҷикӣ “ дар таҳрири нав қабул гардид.
Забони тоҷикӣ – ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.Забон воситаи муҳиммтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.
Забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли кишварамонро ташкил медиҳад.Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд. “Мардуми мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ миллати тамаддунсози Тоҷикистон ҳуввияти худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад”.
Ҳамин тариқ бояд гуем, ки забон муҳимтарин унсури бақои миллат буда, оинаи рӯзгори гузаштаву ҳозира ва маҷмӯи тафаккуру андешаи халқ ба ҳисоб меравад.
Сафаров Абдулфайз,
Мутахассиси пешбаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб