• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забондонӣ, соҳибкасб будан ва эҳтиром ба қонунҳо – се калиди муваффақият дар муҳоҷират

Migration Service by Migration Service
11.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Забондонӣ, соҳибкасб будан ва эҳтиром ба қонунҳо – се калиди муваффақият дар муҳоҷират
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Муҳоҷират имрӯз як падидаи маъмул ва умумбашарӣ буда, дар тамоми ҷаҳон миллионҳо нафар бо мақсади кор, табобат, таҳсил ва таҷрибаандӯзӣ аз кишвари таваллуд ба кишвари зисти муваққатӣ мераванд. Барои баъзеҳо муҳоҷират танҳо як роҳи муваққатӣ ва барои дигарон  марҳилаи муҳими ҳаёт маҳсуб меёбад. Дар гузашта, муҳоҷират танҳо як роҳи корёбӣ ва даромад ҳисоб мешуд, аммо имрӯз дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ он ба як мактаби зиндагӣ табдил ёфтааст – мактабе, ки дар он инсон на танҳо музди кор ба даст меорад, балки ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад, забондониаш рушд мекунад ва малакаҳои нави касбӣ меомӯзад.

Дар ин раванд, бисёр муҳим аст, ки муҳоҷир тавонад худро ба муҳити нав мутобиқ созад. Яке аз муҳимтарин қадамҳо дар ин роҳ, бе шубҳа, омӯзиши забони кишвари мизбон аст. Забон – воситаи муошират ва ҳамдигарфаҳмист. Вақте муҳоҷир бо корфармо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ё ҳамкорон бо осонӣ гуфтугӯ карда метавонад, фаъолият ва зиндагии рӯзмарраи ӯ осонтар мешавад.

Мутаассифона, на ҳама муҳоҷирон дарк мекунанд, ки донистани забон ба онҳо имкониятҳои бештар медиҳад – аз ҷумла дарёфти кори беҳтар, имконияти мустақилона ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа. Забон на танҳо воситаи ҳимояи ҳуқуқҳост, балки калиди дари муносибати нек ва зиндагии мустақил мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шахсе, ки нияти сафар ба хориҷи кишварро дорад, бояд ҳадди ақал забони асосии муоширати ҳамон кишварро биомӯзад.

Ғайр аз забон, яке аз роҳҳои дигар барои пешрафт дар муҳоҷират омӯзиши касбу ҳунар аст. Имрӯз дар Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ фаъолият мекунанд, ки шахсро дар тӯли якчанд моҳ ба ҳайси ронанда, кафшергар, барқчӣ, дӯзанда, ошпаз, коргари соҳаи сохтмон ва дигар касбҳои серталаб омода месозанд. Дар бозори меҳнати хориҷӣ ҳамеша ба мутахассисони кордону масъулиятшинос ниёз зиёд аст. Онҳое, ки танҳо бо мақсади коргарии ҷисмонӣ мераванд, бештар дар зинаи поёни иқтисодӣ мемонанд, дар ҳоле ки шахсони касбдошта метавонанд бо шарту шароити беҳтар ва маоши хубтар фаъолият намоянд.

Муҳоҷирати муваффақ ба қонунгузорӣ низ вобастагии зич дорад. Дар ҳар кишвар тартиби бақайдгирӣ, гирифтани иҷозати иқомат ва шартномаи меҳнатӣ вуҷуд дорад. Барои муҳоҷир донистани ин қоидаҳо ҳатмист. Бояд пеш аз сафар дар бораи тартиби расмӣ кардани ҳуҷҷатҳо, санадҳои лозим ва масъулиятҳои ҳуқуқӣ маълумот гирифт.

Бисёр кишварҳо ба муҳоҷироне, ки дар доираи қонунгузорӣ фаъолият менамоянд, эҳтиром қоил мешаванд ва ба онҳо имконият медиҳанд. Аммо агар касе қоидаҳоро нодида бигирад, бе ҳуҷҷат фаъолият кунад ё вориди амалҳои ғайриқонунӣ шавад, ҳам худ ва ҳам оилаи худро дар хатар мегузорад. Барои муҳоҷири доно ва шуурнок, риояи қонун на як монеа, балки кафолати зиндагии орому осуда аст.

Ҷанбаи дагаре, ки дар муҳоҷират ҳамеша муҳим аст – муносибат бо ҷомеаи маҳаллӣ мебошад. Шахсе, ки ба урфу одат, фарҳанг ва тарзи зиндагии ҷомеаи мизбон эҳтиром мекунад, аз тарафи ҳамон ҷомеа низ бо эҳтиром қабул мешавад. Ҳамон тавре ки мо дар Ватан хоҳони рафтори хуби меҳмонон ҳастем, дар хориҷа низ аз мо рафтори писандида ва мутобиқ ба меъёрҳои иҷтимоӣ талаб мекунанд.

Муҳоҷир бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ӯ на танҳо намояндаи оилаи худ, балки муаррифгари миллат аст. Чуноне ки як рафтори нек обрӯи тамоми тоҷиконро боло мебарад, рафтори номуносиб метавонад боиси бадномии як миллат шавад. Аз ин рӯ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, софдилӣ ва кору зиндагии пок – муҳимтарин хислатҳои муҳоҷир дар замони чолишҳои нави сиёсию иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷаҳон гурӯҳҳои зиёде фаъоланд, ки кӯшиш мекунанд муҳоҷиронро ба роҳи носозгор ҷалб кунанд. Онҳо метавонанд зери номи дини мубини Ислом ё шиорҳои “адолат”муҳоҷиронро ба ҳаракатҳои хатарнок ва ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Муҳоҷирон бояд ҳушёр бошанд, ба ҳар гуна даъватҳо шубҳа кунанд ва бо афроде, ки маълумоти шубҳанок доранд, ҳамкорӣ накунанд. Дурӣ аз ин гуна гурӯҳҳо на танҳо амнияти шахсро таъмин мекунад, балки ба ӯ имкон медиҳад, ки бо дили ором ва бо сари баланд зиндагӣ намояд.

Дар ниҳоят, муҳоҷират як роҳи оддӣ нест, вале роҳи имконпазир ва созанда аст. Агар шахс бо нияти нек, бо дониш ва ҳушёрӣ, бо забономӯзӣ ва касбомӯзӣ ба ин роҳ биравад, на танҳо мушкилотро паси сар хоҳад кард, балки зиндагии худро низ дигаргун хоҳад сохт. Муҳоҷират метавонад шахсро тавонотар, донишмандтар ва таҷрибадор намояд, агар аз ин имконият оқилона истифода бурда шавад.

Аз ин рӯ, муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун имконият бинем, на мушкил. Онро бо омодагӣ, бо эҳтиром ба қонун, бо орзуи рушди шахсӣ ва бо нияти созандагӣ анҷом диҳем, то ки ҳар як муҳоҷири тоҷик на танҳо рӯзии ҳалол ба даст орад, балки ифтихори миллати худ гардад.

Абдуллоев Некруз,

Мудири бахши робита бо ҷомеа

Previous Post

Фарзанд дорои адабу хулқи неку ва фаросати баланди инсонӣ дошта бошад

Next Post

Таблиғи ҳуввияти миллӣ – таҷассумгари ҷавҳари худшиносии миллист

Next Post
Таблиғи ҳуввияти миллӣ – таҷассумгари ҷавҳари худшиносии миллист

Таблиғи ҳуввияти миллӣ - таҷассумгари ҷавҳари худшиносии миллист

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.