• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забони давлатӣ таҳкимбахши сулҳ ва ваҳдати миллӣ

Migration Service by Migration Service
03.10.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мулоқоти судманд бо хатмкунандагон ва касбомӯзон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ваҳдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад, ки пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба забони давлатии кишвар имкониятҳо муҳайё сохт, ки нерӯйи воқеии он дар пешбурди сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва дигар самтҳо назаррас аст.

Он волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро пуштибонӣ намуд.

Аммо ин осон ба даст наомад.

Садҳо нафар ҷон аз даст доданд, то ин ки мамониятҳои сангинро аз байн бардошта, мушкилоти гаронро паси сар кунанд.

Дар он давра талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра ба ҳама самт равона карда шуд, то давлатдории миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ наҷот ёбад.

Хушбахтона, бо мардонагию матонати Пешвои миллат ба мақсади бузургу нотакрор ноил гаштем.

Ба ҳама маълум аст, ки дар даврони нобасомониҳо хатари нобуд шудани миллати тоҷик ва тақсим шудани сарзамини муқаддасу биҳиштосо пеш омад.

Маҳз эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва нангу номуси миллии фарзандони асили кишвар водор сохт, ки бо душманон бо роҳҳои музокироту гуфтушунид ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои баамаломада созиш намуда, роҳҳои расидан ба сулҳу оштӣ, ҳаёти осоишта ва ваҳдати миллиро интихоб намоянд.

Вобаста ба ин рӯзи фирӯзу таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон 27-уми июни соли 2005 ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид карданд: «Роҳи сулҳ барои мо роҳи наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд.

Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дуру дароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудем.

Мардуми мо оқибатҳои ҷанги харобиоварро сари вақт дарк намуда, бо эътимоди қавӣ барои нигоҳ доштани давлати соҳибистиқлол, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ роҳи сулҳ ва сулҳофариро пазируфтанд».

Бояд қайд намуд, ки маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ тавонистем, дар баробари эҳёи давлатдории тоҷикон ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, нуфузу эътибори забони давлатиро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи баланд бардорем.

Зеро забони тоҷикӣ яке аз олитарин муқаддасоти миллӣ ва нишонаи соҳибистиқлолии давлати тоҷикон мебошад.

Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат буда, ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он оғоз меёбад.

Қобили зикр аст, ки агар ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини баҳамоии миллат бошад, пас забони тоҷикӣ шиносномаест, ки давлату миллатро ба воситаи он муаррифӣ менамоянд.

Ин дастовардҳои бузург ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, давлату миллатро бе онҳо тасаввур кардан мумкин нест.

То ҳол давлатҳое вуҷуд доранд, ки на мустақиланду на соҳиби забонанду на соҳиби ваҳдати миллӣ.

Агар давлате, ки ин неъматҳоро надошта бошад, он вуҷуд надорад.

Гуфтан бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ сарчашмаи ифтихори миллат ва пояи давлатдорӣ буда, онро азизу гиромӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштан вазифаи ҷонии ҳар як фарди соҳибдил ва бонангу номус мебошад.

Ба ҳама маълум аст, ки самтҳои гуногуни ҷомеаро бе забони тоҷикӣ наметавон тасаввур кард.

Ин муқаддасоти олӣ дар ҳама соҳа рагу пайванд васеъ намуда, мавқеи умумимиллию давлатиро барои рушду камолоти минбаъда устувор намуд.

Хушбахтона, Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду такомули забони давлатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, барои густаришу инкишофи мақоми забони тоҷикӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардаанд.

Воқеан, забон аслан, ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист, аз ин рӯ, ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат эҳтиёҷ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки ҳар як

шахси ватандору соҳибзабон миллату забонро пуштибонӣ намояд ва ба он ҳамчун гавҳараки чашм муносибат кунад: «Тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад.

Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.

Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст. Фаромӯш накунем, ки забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ва ифтихори давлатдории миллӣ аст.», — таъкид доштанд Сарвари давлат.

Абдушаҳидов А.,    

мудири шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент                                                     

Previous Post

Аз дассисабозон эҳтиёт кунед!

Next Post

Корҳои иттилооти – фаҳмондадиҳӣ дар утоқи корӣ

Next Post
Корҳои иттилооти – фаҳмондадиҳӣ дар утоқи корӣ

Корҳои иттилооти - фаҳмондадиҳӣ дар утоқи корӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.