• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Забони миллӣ ҳамчун забони умумии миллат

Migration Service by Migration Service
23.09.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Забони миллӣ ҳамчун забони умумии миллат
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Забони миллӣ ҳамчун забони умумии миллат дар натиҷаи раванди ташаккули миллат ба вуҷуд омада, ҳамзамон омилу шарти асосии арзи вуҷуд намудани миллат мебошад. Миллат чун умумияти таърихии одамон, пеш аз ҳама, бо мавҷудияти забони умумӣ, қаламрави умумӣ, ҳаёти иқтисодӣ, вижагиҳои равонӣ, ки дар умумияти фарҳангӣ таҷассум меёбад, тавсиф дода мешавад. Забони миллии тоҷикӣ — забони миллати тоҷик буда, тамоми соҳаҳои фаъолияти навишторӣ ва гуфтории одамон, новобаста аз сатҳи маърифату таҳсил, тарбия, макони зист, касбу корро фаро мегирад. Ба ибораи дигар, он тамоми гуногунрангии шаклҳои ифодаи забонии афкори миллати тоҷикро дар худ таҷассум менамояд. Он маҷмуи калимот, шаклҳои гуногуни калимасозӣ, истифодаи онҳо дар забони зинда, хусусияти талаффузеро, ки мансуб ба миллати тоҷик аст, дар бар мегирад.

Забони миллӣ ҳамчун моликияти гаронарзиши халқ дар якчанд шакли зоҳиршавии худ вуҷуд дорад. Забони миллии мо шиносномаи миллат ва нишонагари ҷойи сукунати он мебошад. Ҳамин тавр, забони миллӣ мафҳуми иҷтимоӣ-таърихие аст, ки забони муоширати миллатро дар ду шакл- шакли шифоҳӣ ва хаттӣ ифода менамояд. Аз ҷиҳати сохтори дохилии худ забони миллӣ меросбари забони халқият мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди забони миллӣ чунин изҳор доштаанд: “Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.

Таърихи ташаккул ва такомули ҳар забон алоҳидаву нотакрор аст. Кӯшишҳои халқе, ки ҷомеаи миллиро ташкил менамоянд, барои доштани забони миллии аз дигар забонҳои миллӣ фарқкунанда марбут ба соҳаи ҳавову ҳавасҳое аст, ки бинобар сабабҳои объективии дорои табиати фарҳангӣ-таърихӣ, сиёсӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд оянд ҳам, аксар вақт ба таъсири тамоюлҳои субъективии арзишии мухолифи вазъияти забонии воқеӣ тобеъ мешаванд. Дар баробари ин, ҳар як забон дар шакли забони миллии вижа зуҳур намуда, дар он ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва хусусияти он таҷассум меёбанд.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қавӣ ва соҳибхати дунё ба шумор рафта, ҳанӯз дар асри Х ба худ мақоми давлатӣ гирифтааст. Ин падидаи таърихӣ бо давлатдории Сомониён марбут буда, маҳз дар ҳамин замон сатҳи баланди худшиносии амирони Сомонӣ, хусусан Исмоили Сомонӣ шароит фароҳам овард, ки забони тоҷикӣ мақому мартабаи олиро соҳиб гардад. Дар ин давраи таърихӣ садҳо осори манзуму мансур иншо шуда, эътибори забони тоҷикиро боло бурданд ва онро давоми беш аз ҳазор сол забони дипломатия ва дорои нуфузи забони расмӣ намуданд. Дар тамоми Авруосиё бо ин забон муколамаву мукотиба доир шуда, дар давлату манотиқи гуногуни ин қаламрав мактабҳои бузурги илмиву адабӣ ва фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ густариш пайдо намуданд.

Албатта, барои рушди забони миллӣ маҳз истиқлоли давлатӣ имконият медиҳад. Истиқлоли давлатӣ ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, амсилаи муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз, дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.

Агар истиқлоли давлатӣ ғояи асосии манфиати миллӣ бошад, дар баробари он манфиатҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки асоси татбиқи самараноки истиқлол дар мамлакат ҳастанд. Манфиати миллӣ бо татбиқи сиёсати фарҳангсолорӣ ҳифз мешавад, ки меъмору илҳомбахши он Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Он барои эҳё намудани хотираи таърихӣ ва устувор намудани пояҳои маънавии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар мамлакати мо заминаи воқеӣ гузоштааст. Ҳифзу густариши забони миллӣ дар шакли забони давлатӣ ба ин маънӣ яке аз асоситарин ҷузвҳои манфиати миллӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ имконияти бомуваффақият пушти сар намудани марҳалаи эҳё, барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдориии миллии тоҷиконро дод, ки он дастоварди асосиву меҳварии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ, мо нахустин дастоварди замони истиқлолро ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллат ва ҳалқият эътироф шудани забони тоҷикӣ мешиносем, ки тавассути он мо забони тоҷикиро аз ҷумлаи олитарин муқаддасоти миллӣ медонем.

Сафарзода Баҳодур,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик

Previous Post

Пешвои миллат ва ташаккули сулҳу Ваҳдати миллӣ

Next Post

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи миллату давлатанд!

Next Post
Ҷавонон нерӯи пешбарандаи миллату давлатанд!

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи миллату давлатанд!

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.