• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мулоқоти судманд бо хатмкунандагон ва касбомӯзон

Migration Service by Migration Service
27.09.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Нақши Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони муосир
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти судманд бо хатмкунандагон-касбомӯзони филиали “Маркази таълимии калонсолон” ва “Омӯзишгоҳи касбии техникии сохтмонӣ” дар шаҳри  Кӯлоб баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, вазъи нигаронкунандаи ҷаҳони имрӯза, эҳтиёткорӣ  аз ширкатҳои қалбакие, ки тариқи шабакаҳои иҷтимои барои кор ба хориҷи кишвар муҳоҷирони меҳнатиро даъват менамоянд ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози назар намуданд.

Дар навбати худ, намояндаи “Маркази захиравии муҳоҷирон” ба сухан баромада ҷамъомадагонро бо кору фаъолияти Марказ шинос намуда, қайд кард, ки муҳоҷирати бехатар маънои онро дорад, ки муҳоҷирон аз ҳама гуна хатарҳои марбут ба саломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва ҳаёти онҳо дар ҳама марҳилаҳои раванди муҳоҷират (дар кишварҳои аслӣ, транзит ва қабулкунанда) аз ҷониби давлат ҳифз карда мешаванд.

Бо назардошти вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза ҷиҳати баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқии  шаҳрвандон, дар сатҳи зарурӣ  омода намудани муҳоҷирон пеш аз сафар, таъмин намудани онҳо бо маълумоти саҳеҳ дар ҳама марҳилаҳо  пеш аз муҳоҷират, дар рафти он ва пас аз бозгашт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ба хизматрасониҳои мавҷуда дар дохил ва давлатҳои кабулкунанда роҳҳои муҳими таъмини бехатарии ҷараёни муҳоҷират мебошад.

Сипас, аз ҷониби мутахассисони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардида, давлати мо аз хатарҳои даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфта дар рушди камолот қарор дорад.

Дар замони мо ашхосон, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое  ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Экстремизм ва терроризм  яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил буда, барои решакан кардани он мо бояд дар ҳамбастагӣ мубориза барем.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳар як фарди солимфикр бояд худро аз таъсири чунин гурӯҳҳо канор гирад, зеро гурӯҳу созмонҳои экстремистию террористӣ ва ифротгароён омодаанд, ки ҳар нафари ҷамъияти имрӯзаро тариқи даъватҳои таблиғоти истифода аз паёмакҳои телефонӣ, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар сомонаҳо бо ташвиқоту ваъдаҳои бардуруғ ҷалб намуда, ба сафҳои худ шомил намуда, гумроҳ созанд.

Бо дар назардошти гуфтаҳо таъкид гардид, ки дар мавриди дучор омадан ба чунин ҳолатҳо эҳтиёткориро аз даст надода, кӯшиш кунед, ки мушкилии худро на ба танҳои балки ба воситаи Сафорат, Консулгариҳо ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, диаспораҳо ва ё мақомотҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқӣ  давлати қарордоштаи худ ҳал намоед.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз мардуми моро ба ташвиш овардааст, ин паёмакҳои бардурӯғи шахсони  қаллоб  дар сомонаҳои интернетӣ мебошад, ки нафарони зиёд ба доми фиреби чунин қаллобон афтода, ба ваъдаҳои дуруғини онҳо бовар намуданд, ки гуё онҳоро ба кишвари Англия ва дигар давлатҳои Аврупо ба кор мебаранд ва аз онҳо миқдори калони пулӣ ситонида,  ба буҷаи онҳо зарари молиявӣ расонидаанд.

Ба ҳозирин, аз ҷониби мутахассисон нуқтаҳои муҳими пешгирӣ аз чунин вазъият расонида шуда, ба иштирокдорон давлатҳои хориҷие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қабули муҳоҷирони меҳнатӣ шартномаҳои тарафайн доранд, муаррифӣ намуда, оид ба чи гуна дастрас намудани  ҷойҳои кории мавҷуда дар ин кишварҳо, инчунин шароити корӣ, аз қабили роҳкиро, пардохти ҳуҷҷатгузорӣ, ҳаққи музди маош, соати корӣ дар як шабонарӯз, ҷойи хоб ва дигар хизматрасониҳои тарафҳо, маълумотҳои муфассал доданд.

Дар фарҳоми вохӯрӣ ба саволҳои ҷамъомадагон вобаста ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷират аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои муфид дода  шуда, иштирокдорон бо изҳори минатдорӣ қаноатманд гардиданд. 

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ба шаҳрвандон

Next Post

Мулоқоти судманд бо хатмкунандагон ва касбомӯзон

Next Post
Мулоқоти судманд бо хатмкунандагон ва касбомӯзон

Мулоқоти судманд бо хатмкунандагон ва касбомӯзон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.