Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад.
Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII оғоз шудааст.
Забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногун диққати бисёр олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст.
Ба омӯзиши забони форсӣ-тоҷикӣ яке аз асосгузорони фалсафаи материалистӣ Фридрих Энгелс, шоири немис Гёте, шоири рус Есенин, шарқшиносони маъруфи дунё Бертелс, Брагинский, Бартолд ва дигарон низ мароқи зиёд зоҳир карда буданд.
Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии он ворид мешаванд.
Забони форсӣ ба забонҳои порсиву дарӣ хеле монанд аст ва аҳолии кишварҳо, Эрон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон, Шарқи Наздик, инчунин дар Сангқалъаи Ҷумҳурии Халқии Чин низ бо ин забон гуфтугӯ мекунанд.
Дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд: «Ҳамчун номи тоҷик забони тоҷик ҳам таърихи ғанӣ ва рангин дорад ва барои муҳофизати қаламрави ҳастии худ бо забонҳои бегона ҳамеша дар набард будааст.
Дар замони истилои араб тозиён басо кӯшиданд, ки забони дариро аз байн бубаранд. Ғосибони араб ба ин хотир матнҳои авестоӣ ва маъбадҳоро несту нобуд ва забони паҳлавиро бӯғӣ карданд.
Онҳо хона ба хона, деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр гашта, тоҷикони бомаърифатро cap буриданд ва бо зарби шамшер кеши моро саркӯб карда, оини худро ҷорӣ намуданд.
Осори хатти сосонӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, дарӣ ва суғдиро оташ зада, хирадмандони тоҷикро қатли ом ва овораву саргардони мулкҳои бегона карданд. Умуман, аз беху бун нест кардани фарҳанги як миллат, ба хусус забони вай хоси ҷаҳолати истилогарон аст.
Аҷнабиёни истилогар маҳз ба ҳамин восита ба мақсади дуни худ расида метавонистанд.
Зеро забон – барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст».
Тавре Пешвои миллат дар китоби худ «Забони миллат — ҳастии миллат» ишора мекунанд: «Забон дар маҷмӯъ як қисмати муҳим ва ё ба иборати дигар як бахши нигорандаи таърихи халқи мо буда, оинаест, ки дар он роҳи дуру дарози тайкардаи халқи тоҷик бо ҳама шебу фарози он инъикос ёфтааст.
Аз мутолиаи он мо дар бораи бисёр ҷанбаҳо ва масъалаҳои муҳими ҳаёти гузаштагони хеш иттилое ба даст меоварем, ки ҳатто таърихнигорон ба онҳо камтар таваҷҷуҳ кардаанд.
Масалан, аз рӯйи захираи вожагон ва истилоҳоти забон мо метавонем бо боварӣ дар бораи пешрафт ва ё заъфу сустии ягон соҳаи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар давраҳои мухталиф қазоват кунем, аз ҷониби дигар, забон манбаи бисёр муътамад барои омӯзиши таърих ва фарҳангу тамаддуни мо мебошад.
Дар он ақидаву мавқеи шахсӣ нақши муассире надорад.
Вай таърихи холис, ростин ва маҳсули дастҷамъии миллат ва аломати хоси он буда, воқеияти ҳаёти ҷомеаро ҳамчунон ки ҳаст, бидуни ороишу ислоҳ инъикос мекунад.
Албатта, ашхоси ҷудогона дар такмил ва афзоиши захираи луғавии он саҳми бештар мегиранд, вале ин ягона мавридест, ки «муаллифон, бидуни ҳаққи қалам» офаридаҳои худро ба забони модарии хеш мебахшанд.
Забон ҳам ки довари моҳир ва сахтгир аст, танҳо коромадтарин ва баргузидатарини онҳоро дар хазинаи худ ҷой дода, сипас дар истифодаи умум қарор медиҳад».
Эҳёи воқеии забони адабии мо дар замони Сомониён (874—999) оғоз гардид.
Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Саффориён дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забону адабии миллӣ истиқлол устувор ва давомдор шуда наметавонад.
Бинобар ин, амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад.
Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар баробари тозиён барои расидан ба истиқлоли комил истифода мекарданд.
Аз ин рӯ, забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, ба адибону олимон ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд.
Бо соҳиб шудани тоҷикон давлати худ солҳои 1924, 1929 ва солҳои тулонӣ ба забони русӣ дар замони Шӯравӣ бурдани корҳои расмӣ боиси нигаронии роҳбарону зиёиёни миллати тоҷик гардид ва бо пешниҳоду қарори Шӯрои Олӣ санаи 22-юми июли соли 1989, Қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул шуд.
Аз ҳамон сол иди Забони тоҷикӣ санаи 22-юми июл таҷлил мешуд. Лек бо ташаббуси мақомоти қонунгузорӣ соли 2009 бо ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забони тоҷикӣ» санаи 5-уми октябри соли 2009 минбаъд бо санаи нав таҷлил мешавад.
Мувофики қонуни таҷдидшуда забони давлатии Тоҷикистон забони «тоҷикӣ» мебошад ва донистани он ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Солҳои Шӯравӣ донистани забони тоҷикӣ чандон ҳатмӣ набуд.
Дар китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар масири таърих”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, ки дар бораи мардуми ориёӣ, фарҳангу тамаддун ва забони онҳо ва бисёре аз масъалаҳои дигари марбут ба ориёӣ ва мавқеи забони тоҷикӣ аз даврони пайдоиш то ба имрӯз, бо далелу хулосаҳои муфассал баён гардидаанд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳавзаи забони тоҷикиро боз ҳам васеъ гардондад ва нутқи пурмуҳтавои Пешвои миллат борҳо аз минбарҳои баланди СММ, Парлумони Аврупо, ЮНЕСКО, СҲШ, Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд садо дод.
Бобоназарзода Санавбар,
мудири шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе