Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод дар якчоягӣ бо бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия санаҳои 19-20 декабри соли равон дар ноҳия оиди иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» ба роҳ монда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Тибқи нақшаи соли 2022-23 барои 53 оилаҳои муҳоҷирони экологии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, тақсимоти замини наздиҳавлигӣ гузаронида шуд.
Нақшаи иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020 таҳти №648 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.12.2020 сол, таҳти №385 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» кӯчонидаи 100 оилаи муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод иҷро гардид.
Бояд зикр кард, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд фаъолияташро ҷиҳати иҷрои қарори мазкур пурзур менамояд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод