“Ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ метавон зикр намуд, ки барои занону модарон ва бонувону духтарони сарбаланди тоҷик ҷиҳати такмили донишу маълумот, касбу ҳунар, истеъдоду маҳорат ва иштироки бевоситаву фаъолияти пурсамар дар пешбурди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа тамоми шароит ва имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шудаанд. Қобили зикр аст, ки занону модарон рисолати бузург ва масъулияти баландро бар дӯш доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ баланд будани мақому манзалати занону модаронро ҳамеша таъкид намуда, нақши онҳоро дар рушду нумӯи мамлакат хеле муассир арзёбӣ менамоянд.
Сарвари давлат зимни ҳар як баромаду суханрониҳои худ бо эҳтироми беандоза ва эътибори хоса нисбати занону бонувон ибрози андеша карда, бо боварӣ изҳор менамоянд, ки: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”.
Воқеан, занон нерӯи бузургу созанда ва қувваи тавонои пешбаранда дар байни ҷомеа буда, ҳаллу фасли муаммоҳо бо дуои модарони меҳрубон, тамоми тадбирҳо бо ҳузури мубораки бонувон, маҳфилҳо бо чеҳраҳои гулгуни занон, базмҳо бо табассуми латифу рақсҳои мавзуни дилбарон ва маънову мазмуни зиндагӣ бо ҳусни рӯзафзуни занону духтарон рангу таровати тоза мегирад.
Хушбахтона, занону бонувон ҷиҳати таъмини иҷрои ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, татбиқи амалии талабот ва муқаррароти Қонунҳои миллӣ – “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамеша дар сафи аввал буда, ҷонибдори доимии сиёсати инсонпарваронаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Боиси қаноатмандист, ки занону бонувони босаодат ва соҳибҳунару бомаърифати тоҷик таҳти таваҷҷӯҳ, пуштибонӣ ва ғамхориҳои доимии давлату ҳукумат ва меҳрубониву самимияти узви ҳар як оила рӯҳу илҳоми тоза гирифта, чи дар иҷрои рисолати пурмасъулияти хеш ва чи дар кору зиндагӣ баҳри рушди босубот ва гул – гулшукуфии Тоҷикистони биҳиштосо беш аз ҳарвақта саъю талош меварзанд.
Тошева Фирӯза,
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода