• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Зиракии сиёсӣ – мундариҷаи зиндагист

Migration Service by Migration Service
17.02.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Муқобили ифротгароӣ бояд ҳамагон муборизаи дастҷамъона барем
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Зиракии сиёсӣ-ин шинохти воқеияти зиндагӣ, воқеияти таърихӣ ва ватандорӣ буда, бозгӯи фарҳанги баланди сиёсӣ ва маърифати волои ватандӯстии ҳар як шахс буда, гувоҳи он аст, ки чунин афрод барои ободӣ, озодӣ, сулҳу субот, таҳкими аркони давлатдорӣ, муаррифии давлат, ҳифзи он аз унсурҳои бегона ва пешрафту инкишоф ҳамчун шахси солимфикр хизмат менамоянд.

Набояд фаромӯш кард, ки имрӯз инсоният дар асре қарор дорад, ки дар баробари муваффаққиятҳо, мушкилоту хатарҳои зиёд низ ҳамрадифи зиндагии мо мебошанд, ки бетаваҷҷӯҳи нисбати онҳо ба зарари ҷомеа ва ба нафъӣ ҷонибҳои манфиатдор мебошад.

Терроризм ва экстремизм, дар воқеъ дар сатҳи давлатҳо, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ба як мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта, дар масоили пешгирии таъсири манфии он мунтазам нишастҳо баргузор карда мешавад. Умуман, талошҳо дар самти муқовимат бо ин падидаҳои номатлуб дар ҷараён буда, аз тарафи дигар масъалаи мазкур дар назди ҷомеа вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Замоне, ки аз як ҷониб давлат дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст, бояд аз ҷониби дигар ҷомеа низ хомуш набошад, баръакс бедор бошанд ва барои ҳимояи худ, аҳли пайвандон ва дар умум барои Ватан омода бошанд. Омодагӣ бояд дар шакле сурат гирад, ки равияҳои ифротгароӣ дар амалӣ намудани нақшаҳои нопоки худ ба нокомӣ дучор гарданд.

Дар ин миён яке аз механизмҳои калидие, ки маъмулу машҳур аст, аз даст надодани зиракии сиёсӣ мебошад. Шояд барои баъзеҳо ин калимаҳо ба назар содда бошанд. Аммо дар асл зиракии сиёсӣ барои таъмини амнияти ҳар як шахс, ҷомеа ва давлат бисёр аҳамияти калон дорад. Хусусиятҳои муҳими зиракии сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки инсон дар мавқеи худ устувор боқӣ мемонад, нисбати тамоми рӯйдодҳои ҷомеа дар пояи адолат, инсондӯстӣ ва ватандорӣ баҳо медиҳад.

Таваҷҷӯҳи худро ба давлат ва ҷомеа равона намуда, аз ҳаргуна корҳои ношоиста дурӣ меҷӯяд, чи гуфтан, чи тавр қадам задан ва чи тавр қарор бароваданро вобаста ба сарнавишти ҳаёти худ бодиққат назар менамояд.

Агар таваҷҷӯҳ намоед, одамоне, ки гирифтори равияҳои ифротгароӣ мегарданд, пеш аз ҳама аз надоштани зиракии сиёсӣ мебошад. Агар шахс зираку ҳушёр ва дақиқназар бошад, ба андешаҳои ғаразнок ва фитнаангез дода намешавад, баръакс дар лағви онҳо муваффақ мегардад.

Яке аз виҷагиҳои зиракии сиёсӣ дар он таҷассум меёбад, ки рӯҳияву ақли инсонро дар ғафлат намегузрад, табиати инсониро ҳамеша зинда нигоҳ медорад, зарари онро аз ҳаргуна фишорҳо ва ҳаракатҳои тасодуфӣ дар амон нигоҳ медорад ва қобилияти баланди таҳлилкунии вазъи ҷомеаро дар ниҳоди шахс ташаккул медиҳад.

Зиракии сиёсӣ дар умум дорои хусусиятҳои наҷиб буда, ҳар як инсон аз нуқтаи назари фаҳмиши худ дар робита ба аҳамияти он баҳо медиҳад.

 Мехоҳам чанде аз хусусиятҳои зиракии сиёсиро баён намоям:

-садоқат инсонро ба Ватан ва миллат устувор нигоҳ медорад;

-эҳтироми шахс ба  фарҳангу таърихи кӯҳан ва арзишҳои миллӣ баланд мегардад;

-дарки манфиатҳои миллӣ дар ниҳоди шахс ҳамеша мақоми аввалро касб менамояд;

-пешрафту ободӣ ва сулҳу суботи сиёсӣ қадр карда мешаванд;

-инсонро дар чаҳорчубаи муайяни зиндагӣ раҳнамои месозад;

-инсонро аз таъсири падидаҳои номатлуби ҷомеа ҳифз менамояд.

Аз гуфтаҳои боло чунин менамояд, ки зиракии сиёсӣ кафили асосии ҳифзи нангу номус, орияти ватандорӣ, пост доштани арзишҳои бузурги таърихӣ ва баланд гардидани мақому манзалати шахс дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, раванди ташаккулёбӣ, бедории шахсӣ ва миллиро дар шуури инсон такони ҷиддӣ медиҳад. Ҳамзамон, зиракии сиёсӣ шахсро водор менамояд, ки маърифатнок бошад ва маърифати худро ба нафъи давлату миллат раҳнамои созад.

Зираки сиёсӣ дар асл ҷавшанеро мемонад, ки афкори ҷомеаро пайваста аз таҷовузҳои идеологии гурӯҳҳои ифротгароӣ ва манфиатҷӯ эмин нигоҳ дошта, унсурҳои бегонаро аз шахс комилан дур месозад ва ватандориву ватанпарварӣ ҷавҳари асосии мароми ҳар як шахс мегардад.

Пас тибқи арзёбии мо дар ҷомеаи муосир, ки фарогирии таҳдиду хатарҳои зиёд мебошад доштани зиракии сиёсӣ, дарк намудани он ва мазмунан амал намудан аз рӯи принсипҳои он натаҳо мавқеи шахсро баланд мебардорад ва дар амон нигоҳ медорад, балки барои тарбияи муҳит низ бетаъсир намемонад.

Табиист, ки замоне, ки як шахс  чи дар зиндагӣ, чи дар арсаи ватандорӣ ва созандагиву ободонӣ ба як натиҷаи хуб муваффақ мегардад, шахсоне, ки нисбати ҳаёти худ, нисбати давлату миллат ва ҷомеа бетараф нестанд, таҷрибаи ӯро дар самти дастёбӣ ба чунин дастовардҳо ва пешравиҳо мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Таърих гувоҳ аст, ки ватандорӣ ва ҳифзи он рисолати муққаддаси ҳар як фард ба ҳисоб рафта, месазад, ки ин ганҷинаи беназири таърихиро аз ҳамагуна кӯшишҳои хоинони давлату миллат ва равияҳои ифротгароӣ ҳифз намоем.

Ватандорӣ шарафи бузург буда, танҳо ба шахсе муяссар мегардад, ки ба худ ва ватани худ содиқ аст, аз ягонагии андешаҳои ватандорӣ ва ватандӯстӣ рӯ намегардонад ва баҳри ҳифзи чунин арзишҳо ҳамеша зиракии сиёсиро ҳифз менамояд.

Аслонзода И.,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Зафаробод

Previous Post

Пешгирии терроризм ва экстремизм

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон дар деҳаи Рогифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон дар деҳаи Рогифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон дар деҳаи Рогифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.