• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Зиракии сиёсӣ мебояд

Migration Service by Migration Service
24.01.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Зиракии сиёсӣ мебояд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро пушти сар намуд, ки ҳисороти зиёди пулию молиро ба бор оварданд. Аз ин рӯ мо кунун беш аз ҳар вақти дигар ба суботи комили ҷомеа ва ваҳдати саросарӣ ниёзи бештар дорему муборизаи беамон алайҳи зуҳуроти манфии сиёсии ҷаҳони муосир, махсусан терроризму экстремизм вазифаи аввалиндараҷаамон маҳсуб мешавад. 

Дар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 – 2025 муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм, самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалиро ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, хосса Ховари Миёна ва Аврупо аз нигоҳи амниятӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла ба давлати мо кам нест. Зеро аз кашмакашҳои ҳарбиву сиёсӣ ва беназмиву қатлу куштор пеш аз ҳама гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ нафъ мебинанд.

Бо истифода аз вазъи ноором дар минтақаҳои зикршудаи олам ва рақобати сиёсиву иқтисодӣ байни абарқудратҳо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолияти худро вусъат мебахшанд.

Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям ва муҳоҷир шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин вабо гувоҳи он аст, ки ифротиён ба касеву чизе раҳм надоранд ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегарданд.

Пайомадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Мутаассифона, дар натиҷаи амалиётҳои террористии бо ном исломӣ шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмон ба вуҷуд меояд ва барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Бояд зикр намуд, ки муборизаи беамон бар зидди равандҳои хатарзо, яъне пешгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва гардиши ғайриқонунии он, сафарбар намудани тамоми имкониятҳо барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави кишвар масъулияти баланд, худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба Ватан ва зиракии сиёсиро аз ҳар яки мо тақозо менамояд.

Мо бояд ба қадри давлати милливу истиқлоли он расем, якпорчагии мамлакат ва ваҳдати миллиро пос дорем ва ин неъматҳоро аз бадхоҳони миллат ҳифз намоем.

Ахмедов Мустақим Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара                                                     

Previous Post

Мулоқоту суҳбатҳо дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”

Next Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд”

Next Post
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд”

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд”

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.