Пиромуни мафҳуми терроризму экстремизм бисёр мегӯянду аз амали ноҷояи он бархе дар ваҳму хатаранд.Имрўзҳо терроризму экстремизм тамоми ҷаҳониёнро ба даҳшат овардааст. Амалҳои террористӣ дар баъзе мамолик аз он шаҳодат медиҳанд, ки террористон бе тарсу ҳарос куштор, ғоратгарӣ, таркондан, маводҳои заҳролудкунандаро истифода бурда, хиёнат ба Ватану халқи худ анҷом медиҳанд.
Нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд. Хоинони ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои нопоки худро нисбат ба дини ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист, амалӣ созанд.
Терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳурот доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои ифротгаро бархе аз ҷавононро, ки дар муҳоҷиратанд, бо сабаби надоштани машғулият ва даромади муносиб бо пешниҳоди «ба даст овардани пули хуб» бо ширкат дар як ё ду амалиёт фирефта намуда, ба макри худ мекашанд.
Экстремизм ва терроризм тамоюли бегонапарастӣ, ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд, ба чашм мерасад.
Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд бо ақидаҳои фанатикии худ ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд.
Бинобар ин дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе