Терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои бузургтарин дар шароити муосири ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, ки ба амният ва суботи давлатҳо таҳдид мекунад.
Ҳарчанд ин падидаи ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Он падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, тарконидани иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад.
Имрӯз ин равандҳо ваҳшонияти инсониро нишон дода, арзиши инсон ва дигар муқаддасотро аз байн бурда истодааст. Ин падидаи номатлуб соҳибихтиёрӣ, сохти конститутсионӣ, волоияти қонун ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз байн бурда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳро ба қатл расонидааст. Рӯз то рӯз шумораи гурӯҳҳои муташаккили террористиву экстремистӣ меафзоянд ва бояд зикр кард, ки ҳангоми шунидани ин мафҳумҳо халқи осоишта безобита мегарданд ва ин масъала боиси нигаронӣ аст.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин иддае мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти “гӯё динӣ” онҳоро бар зидди Ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, экстремистӣ ва террористӣ, ки онҳоро қаҳрамонӣ мехонанд, равона месозанд ва мехоҳанд, ба ин васила бар ҳадафҳои нопоки хеш бирасанд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту озодӣ, давлатдории миллӣ, арзишҳои муқаддаси давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз кардан ин қарзи ҳар фарди бедордили ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта аст. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.
Борониева Сакина, Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе