Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳон ба мушкилоти вазнин як табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ хатарнок аст, ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.
Соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ба тасвиб расида буд.
Мақсади асосии қонуни мазкур татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ ва бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм мебошад.
Ифротгароӣ ва терроризм дарвоқеъ зуҳуроти нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмулии ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо, бахусус, ҷавонон гардида истодааст.
Терроризм ва экстремизм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумлаи он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд.
То ба имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин амалҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст.
Ба андешаи мо, сабаби рух додани баъзе ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.
Сабаби дигари ба терроризму экстремизм пайваст шудани ҷавонон ин дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба дасти гурӯҳҳои «манфиатдор» афтодани онҳо мебошад.
Дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо ва мизҳои мудаввар гузаронида мешаванд.
Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуби зараровар бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан, ҷавонон масъулият эҳсос намоянд.
Ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошанд, набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шаванд.
Каримова Заррина,
муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”- и Хадамоти муҳоҷират